Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди сармоягузории Бонки исломии рушд ба неругоҳи "Роғун" оғоз шудааст.
Дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, ин мавзӯъ дар дидори вазир Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки исломии рушд, дар Ҷумҳурии Алҷазоир, баррасӣ шудааст.
Бонки исломии рушд як сол пеш аз сармоягузорӣ ба неругоҳи “Роғун” хабар дода буд.
Қарор аст ин ниҳоди молии байнулмилалӣ барои "Роғун" 550 миллион доллар ҷудо кунад, ки 150 миллион аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 миллион доллари дигар аз ҳисоби фондҳои рушди арабӣ мебошад.
Аммо маълум нест, ки ин маблағ бо кадом шарту шароит ба Тоҷикистон дода мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои то охир сохтани нерӯгоҳи "Роғун" аз хориҷ сармоя дарёфт кунад.
То ин вақт Бонки Ҷаҳонӣ ҳам аз сармоягузорӣ ба сохтмони "Роғун" хабар дода буд.