Дар Қирғизистон буду боши муҳоҷиронро тафтиш мекунанд

Шаҳрвандони Бангладеш ки дар Қирғизистон кор мекунанд. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қирғизистон бо ташаббуси КДАМ аз 10 июн рейдҳои зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шурӯъ мешавад. Дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон 22 май гуфт, дар ҷаласаи зери раҳбарии Қамчибек Тошиев гуфта шуд, ки дар ин кишвар шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ тахминан 5 ҳазор нафар гуфта мешавад. “Хориҷиҳои зиёд ва ширкатҳои ҳуқуқии даъваткунандаи онҳо аз шароити сабуки ворид шудан ба кишвар, мисли турист ё донишҷӯ истифода мекунанд, вале дар асл бо кори ғайриқонунӣ машғул мешаванд. Айни замон, кордиҳандаҳо аз пардохтҳои зарурӣ ё ҷаримаҳо худдорӣ карда бо ин кори худ қонунгузориро вайрон мекунанд”, навиштааст дафтари матбуоти КДАМ.

Ба сохторҳое, ки рейди зидди муҳоҷирати ғайриқонуниро барпо мекунанд, супориш дода шудааст, ки дар давоми 20 рӯзи оянда дар бораи барпо шудани чунин рейдҳо огаҳӣ нашр кунанд. Дар миёни тадбирҳое, ки дар муддати рейдҳо ба кор бурда хоҳанд шуд, аз санҷиши санадҳо сар карда то хориҷ кардан аз кишвар ёд мешаванд. Аз ин пеш полиси Бишкек гуфта буд, ки дар як амалиёти “Нелегал” 800 ҳолати нақзи қонунҳо аз ҷониби хориҷиҳо бо мақсади кор ошкор шуда, протоколҳои ҷаримавӣ ба маблағи беш аз 3 миллиону 600 сом супурда шудааст.

Дар Қирғизистон солҳои охир муҳоҷирони корӣ аз Ҳинд, Покистон ва Бангладеш зиёд шудаанд. Соли 2024 ҳукумати Қирғизистон барои қабули 25 ҳазор коргари хориҷӣ квота ҷудо кард, вале се ҳазор адади он истифода нашудааст. Илова ба ин, дар Қирғизистон беш аз 70 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Тибқи тахминҳо, беш аз 2 ҳазор муҳоҷири тоҷик низ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар бетартибиҳои Бишкек 28 нафар осеб дидаанд. Шаби 17 ба 18-уми май чӣ гузашт? Қирғизистон 6 покистониро бо гумони убури марз дастгир кард