Ҳалокати чор шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Русия

Нозирони роҳ дар Русия

Дар як садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар шаҳри Алдани Ёқутистони Русия чор шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шудаанд.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Алдан хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 11-уми апрел рӯй дод.

Муҳоҷирон савори мошини "Тойота Приус" будаанд ва ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдаанд.

Яке аз наздикони муҳоҷирон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷонбохтагон сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд буда, ҳамон рӯз аз Тоҷикистон омада будаанд.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванди ҳалокшудаи Қирғизистон ронандаи таксӣ будааст ва шаҳрвандони Тоҷикистонро бояд то шаҳри Алдан мерасонд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, сабабҳои садамро таҳқиқ мекунанд. Ҷасади фавтидагон ба наздиконашон супурда шудааст.

Муҳоҷирони ҳалокшуда дар як корхонаи шаҳри Алдан кор мекардаанд ва аз Тоҷикистон аз рухсатии якмоҳа бармегаштанд.