Ду бародари тоҷик, ки дар Русия барои зӯроварӣ ба маъмурони пулис ва задани онҳо паси панҷара рафтанд, баъди адои ҳукм озод шудаанд. Дар ин бора падари онҳо Расулҷон Чориев рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, Садиакрами 24-сола тобистони соли гузашта ва Умари 22-сола моҳи марти ҳамин сол озод шуда ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳарду ҳоло дар зодгоҳашон - Шаҳритус кору иқомат мекунанд.
Бародарон Саидакрам ва Умар Чориевро рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар истгоҳи метрои "Тулская" барои муқовимат ба афсарони пулис ҳангоми боздошт дастгир карданд.
Дар навор аз маҳалли ҳодиса он вақт дида мешуд, ки ду маъмури пулис Саидакрамро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Умар аҳволи бародарашро дида ба кормандони пулис ҳамла мекунад.
Барои ин кор додгоҳи Маскав моҳи августи соли 2022 Умар Расулҷонзодаро ба 3,5 сол ва бародараш Саидакрам Ҳамроевро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Расулҷон Чориев аз Радиои Озодӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори сипос кард, ки дар инъикоси ҳодиса ва ҳимоят аз ҳуқуқи фарзандонаш мусоидат кардаанд.
Бадрафтории милисаҳои рус бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ як кори маъмулӣ шудааст ва видеоҳои зиёде дар ин бора зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.