Собиқ ҳамлагари мунтахаби Инглистон баъди узрхоҳӣ дар робита бо яҳудиситезӣ Би-би-сиро тарк мекунад

Гари Линекер

Собиқ ҳамлагари мунтахаби футболи Инглистон Гари Линекер баъди узрхоҳиаш аз як иттиҳоми вобаста ба яҳудиситезӣ корашро дар шабакаи садову симои Би-би-си тарк мекунад. Ӯ аз соли 1999 барномаи пуртарафдореро дар бораи футбол барандагӣ мекард ва қарор буд соли 2026 ҳам дар пахши зинда ба ҳайси шореҳи Ҷоми ҷаҳонӣ кор кунад.

Линекер дар саҳифааш дар Инстаграм як навори видеоиеро бо суханронии ҳуқуқшиноси фаластиниасли канадаӣ Диана Будду бознашр кард, ки он ҷо ӯ амалҳои Исроилро танқид мекунад. Дар ин навори видеоӣ ишораи калламуше ҳам дида мешавад, ки одатан дар шарҳҳои зиддияҳудӣ ба кор меравад. Ба ин чиз созмони «Маъракаи зидди яҳудиситезӣ» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Намояндаи Линекер гуфт, ки барандаи телевизион ин ишораро надидааст. Худи журналист гуфт, ки барои мазмуни ин навор маъзарат мехоҳад, чун огоҳона ҳеҷ гоҳ маводи зиддияҳудӣ нашр намекунад. Дар ин бора бахши русии Би-би-си хабар додааст. Ин навори видеоиро аз Инстаграм пок карданд. Вале бо ин вуҷуд, раҳбарияти ширкати садову симои Бритониё ба ин хулоса омад, ки рафтори Линекер ба обрӯи ширкат зарба мезанад.

Линекер давоми ҳафт сол баландтарин маошро дарёфт мекард. Соли 2024 даромади ӯ 1,8 миллион долларро ташкил дод. Тим Дейв, раҳбари кулли ширкати Би-би-си бо нашри изҳороте аз Линекер барои саҳмаш дар журналистикаи варзишӣ изҳори сипос кард. Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ охирин рӯзи кории ӯ дар Би-би-си мешавад.

Линекер барои "Лестер", "Тоттенҳем", "Эвертон" ва "Барселона" бозӣ карда дар 446 мусобиқа иштирок ва 243 гол задааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рубио гуфт, визаи 300 донишҷӯи ширкатдори эътирозҳои зидди Исроил бекор шудС.Муҳриддин: "Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст"Оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Навори Ғазза