Президентони ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин дар сӯҳбати телефонии рӯзи 19 май имкони ташкили мулоқоти ҳузуриро баррасӣ карданд.
Дар ин бор Кохи Сафед хабар додааст. Трамп ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар сӯҳбаташ бо Путин имкони дидори рӯбарӯро баррасӣ кардааст ё на, гуфт, «албатта, ман бо ӯ дар ин бора сӯҳбат кардам».
Аз ин пеш ёвари Путин Юрий Ушаков дар сӯҳбат бо «Ведомости» гуфт, ки ҳарду ҷониб дар баргузор шудани чунин мулоқот ҳавасманд ҳастанд.
Трамп бори дигар гуфт, ки ба бовари ӯ, Путин хоҳишманди хатми ҷанг мебошад. Қаблан Трамп гуфта буд, ки мулоқоти шахсии ӯ бо Путин метавонад дар музокира бо Украина ҳалкунанда шавад ва ҳар вақте, ки Вашингтон ва Маскав онро ташкил карда тавонистанд, барпо мешавад.
Кремл гуфтааст, ки ташкили чунин мулоқот омодагии бештар мехоҳад. Мулоқоти охирини президентони ИМА ва Русия соли 2021 баргузор шудааст.