Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мақомот ба бунёду навсозии "Масҷиди Аминҷон" иҷозат намедиҳанд?


Яке аз даромадгоҳои "Масҷиди Аминҷон".
Яке аз даромадгоҳои "Масҷиди Аминҷон".

Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи "Масҷиди Аминҷон" маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузорон шудааст.

Сокинони маҳаллаҳои 46, 63, 64 ва бозори "Саховат"-и пойтахт, дар ин масҷид намоз мегузоранд ва маросимҳои ҷанозаи худро баргузор мекунанд.

Ҳоло онҳо мехоҳанд, ки аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳанд. Дар Кумитаи дин гуфтанд, сокинон бе иҷозаи идораи меъмориву сохтмон, ба бозсозии масҷид шурӯъ карданд.

Саъдулло Солеҳов, яке намозгузорон рӯзи 19-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масҷид таъмирталаб аст ва барои ҳамин бояд бозсозӣ шавад.

"Масҷиди мо аҳволаш хуб нест. Бубинед, ҳамааш дар ҳавои кушода, зимистон ҳама гилемҳо тар мешаванд. Шароит ниҳоят вазнин аст. Агар шароит мешуду роҳбарони ноҳия ҳам чораандешӣ мекарданд, ҳамин масҷиди моро обод мекарданд, бисёр хуб мешуд",-афзуд, ӯ.

Ба гуфтаи вай, тақрибан се сол мешавад, ки масҷид дар чунин ҳол аст. Вай афзуд, агар мақомот иҷозат диҳанд, баъзе сокинон омодаанд бо маблағ ва кӯмаки шахсӣ, корҳои таъмиру азнавсозиро оғоз кунанд.

Ҳоҷӣ Исроил, як сокини дигари Душанбе ин маҳалла гуфт, "шароитамон бад аст. Нақша доштанд, ки масҷидро бунёд мекунанд. Сар карданд, вале аз мақомот омада манъ карданд, милисаҳо омада, намонданд. Накунед, гуфтанд. Ҳамон вақт намонданд, вагарна пул тайёр буд".

Масъулони масҷид ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи наворгирӣ аз дохили онро надоданд ва аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд.

Бархе намозгузорон мегӯянд, ки шароити масҷид он қадар бад нест, вале мехоҳанд онро беҳтар кунанд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва чашну маросими Точикистон дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки сокинон бе иҷозаи ниҳодҳои масъули сохтмон ва меъморӣ ба бозсозӣ шурӯъ кардаанд. Ин, ба гуфтаи онҳо, сабаби манъи корҳо гардид.

Афшин Муқим, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъмиру бозсозии "Масҷиди Аминҷон" бо дастрас намудани иҷозанома, аз сар гирифта хоҳад шуд.

Шикояти сокинони як маҳаллаи Душанбе дар бораи масҷид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

"Таҷдиду бозсозии иттиҳодияҳои динӣ таҷрибаи нав нест, ин ҳолат дар дигар масҷидҳо ҳам пештар буд. Аз ҷумла, бархе масҷидҳои ҳудуди Душанбе ҳам ахиран таъмиру бозсозӣ шуданд ва дар мисоли "Масҷиди Аминҷон" ҳам дар ҳолати ба даст овардани иҷозаи ниҳоди дахлдори вобаста ба сохтмон ва меъморӣ, ин кор аз сар гирифта мешавад ва вобаста ба ин ягон мушкили ҳуқуқӣ дар назди мақоми ваколатдор дар соҳаи дин, яъне Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо вуҷуд надорад",-шарҳ дод, Афшин Муқим.

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон шарҳи мавзӯъро ба салоҳияти Сарраёсати меъморӣ гузошта, дар ин бора чизе нагуфтанд.

Ба гуфтаи масъулини "Масҷиди Аминҷон", дар намозҳои панҷгона дар ин масҷид аз 200 то 500 нафар ва дар намозҳои ҷумъа то 2 ҳазор нафар барои ибодат ҷамъ меоянд.

Нигарониҳо аз манъи таъмиру сохтмони масоҷид дар гузашта ҳам садо дода буд. Моҳи апрели имсол чанде аз сокинони деҳаи Хушободи Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки як моҳ пеш масҷиди деҳаашон ба коми оташ рафт, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд онро дубора барқарор кунанд.

Баъди нашри гузориш дар Радиои Озодӣ, Кумитаи дин вокуниш кард, ки барои бозсозии ибодатгоҳ мухолифат надоранд.

Манъи корҳои бозсозии масоҷид дар бархе минтақаҳо дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.

Аз ҷумла, Кумисюни байналмилалии Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар гузориши моҳи марти соли 2024 вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро "ниҳоят бад" арзёбӣ кард.

Мақомоти тоҷик ҳамеша чунин танқидҳоро рад карда, мегӯянд, ки фаъолияти динӣ дар кишвар таҳти назорати қонун сурат мегирад.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 4000 масҷид ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG