Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон бо далели Ғазза музокираҳои тиҷоратӣ бо Исроилро боздошт


Дар ҳоле, ки амалиёти низомии Исроил дар Ғазза тавсеа меёбад, рӯзи сешанбе Бритониё музокира бо Исроилро дар мавзӯи тиҷорати озод боздошт, сафири ин кишварро фаро хонда дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ ба мардуми кӯчида ба соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун ҷорӣ намуд. Девид Лэмми, вазири корҳои хориҷии Бритониё вазъ дар Ғаззаро “даҳшатнок” номид.

Ҳафтаи гузашта низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки дар Навори Ғазза амалиёти нави зидди гурӯҳи ифротии Ҳамосро ба роҳ мемонанд. Ин созмонро дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд. Ҳадафи дигари ин амалиёт, ба қавли Исроил, озодкунии гаравгонҳо мебошад, ки аз октябри соли 2023 дар дасти ҷангиёни Ҳамос қарор доранд.

Вазорати беҳдошти Ғаззаи зери назари Ҳамос гуфт, ки дар ҳашт рӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил беш аз 500 нафар кушта шудааст. Тасдиқи ин омор тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

19 май, Хон Юнуси Ғазза
19 май, Хон Юнуси Ғазза

Исроил инчунин ба Ғазза ворид кардани маводи тиббӣ, ғизо ва сӯзишвориро аз моҳи март ба ин сӯ масдуд карда, бо ин амалаш мавриди интиқоду маҳкумият шудааст. Девид Лэмми масдудкунии Ғаззаро аз ҷониби Исроил интиқод карда аз маъмурияти Бенямин Нетаняҳу тақозо намуд, ки ба чунин амалаш хотима диҳад.

Дар сомонаи ҳукумати Бритониё рӯзи 19 май изҳороти муштараки раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Канада оид ба вазъ дар Ғазза ва соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун нашр шуд. “Мо ба шиддат мухолифи тавсеаи амалиёти ҳарбии Исроил дар Навори Ғазза ҳастем. Азиятҳои мардуми Ғазза ғайри қобили таҳаммул аст. изҳороти дирӯзаи Исроил, ки гуфт, миқдори ҳадди аққали ғизоро ба Ғазза ворид мекунад, аслан муносиб нест”. Раҳбарони ин кишварҳо аз ҳукумати Исроил тақозо карданд, ки амалиёташро дар Ғазза билофосила хотима дода, вуруди ёриҳои башардӯстона ба минтақа иҷоза диҳад.

Дар идомаи ин изҳорот, инчунин омадааст: “Мо забони нафратангези аъзои ҳукумати Исроилро маҳкум мекунем, ки таҳдид кардаанд, мардуми ноумедшудаи мулкӣ аз тахриб шудани Ғазза ба кӯчидан шурӯъ мекунанд. Тарки маҷбурӣ ва пайвастаи макони зист нақзи қонунҳои башарии байналмилалӣ мебошад”.

Дар идома омадааст, “мо дар канор истода амалҳои даҳшатноки ҳукумати Нетаняҳуро тамошо намекунем. Агар Исроил ҳуҷумҳои ҳарбии худро хотима надиҳад ва масдудияти таъмини кӯмакҳои башариро бекор накунад, мо дар посух иқдомҳои мушаххасе хоҳем гирифт”.

Айни замон, муаллифони изҳорот аз ҳамлаи бераҳмонаи Исроил аз ҷониби Ҳамос дар таърихи 7 октябри соли 2023 ёдовар шуда, ҳақи Исроилро барои дифоъ аз терроризм дастгирӣ кардааст. Аз Ҳамос даъват шудааст, ки ҳама гаравгонҳои исроилиро ҷавоб диҳанд.

Хабаргузории Reuters айни замон мавқеи ВКХ Исроилро нашр кардааст. Дар ин ниҳод гуфта шудааст, ки аз соли 2022, замони сари кор омадани муҳофизакорон, Бритониё як муддат аз пешбурди музокираҳои тиҷоратӣ худдорӣ намудааст.

20 май, сарҳади Исроил бо Ғазза
20 май, сарҳади Исроил бо Ғазза

Намояндаи ВКХ Исроил гуфтааст, “фишори беруна Исроилро аз роҳи дифои мавҷудияти ин кишвар ва аз душманоне, ки дар талоши нобудсозии он ҳастанд, бознамедорад”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе хабаргузории нидерландии ANP навишт, ки Кая Каллас, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо қарор кардааст, ки созишнома оид ба ҳамкории миёни ИА ва Исроил ва инчунин қарордод дар бораи тиҷорати озод бо Исроил бо сабаби маҳдуд шудани ёриҳо ба Ғазза бозбинӣ шавад.



XS
SM
MD
LG