Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хонаҳоро супоред». Додгоҳ мусодираи амволи чеҳраҳои маъруфро «дуруст» номид


Додгоҳ ба мусодираи хонаи Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам амр додааст, ки он ҷо ҳамсар ва фарзанду набераҳояш зиндагӣ мекунанд
Додгоҳ ба мусодираи хонаи Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам амр додааст, ки он ҷо ҳамсар ва фарзанду набераҳояш зиндагӣ мекунанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҷаласаи дуюми худ, бархе аз фарзандони чеҳраҳои сиёсиву давлатии маҳкумшуда дар парвандаи табаддулотро муваззаф кардааст, ки амволи мусодирашударо ба ихтиёри давлат бисупоранд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ ва боварибахш, додгоҳ тасмимашро дар ин бора нимаи дуюми рӯзи 15-уми май гирифтааст.

Ин додгоҳ, бар асоси шикояти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ алайҳи наздикони Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва собиқ муовини аввали раиси Ҳизби демкорат ва Абдулфайз Атоӣ, дипломати собиқадор Вазорати корҳои хориҷӣ парвандаи маданӣ боз карда буд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба додгоҳ шикоят карда буд, ки фарзандони ин ду чеҳраи маъруфи маҳкумшуда моликияти падаронашонро, ки бо қарори Додгоҳи олӣ ба фоидаи давлат мусодира шудааст, холӣ намекунанд ва худсарона аз они худ кардаанд. Ҷаласаи якуми додгоҳ рӯзи 8-уми май баргузор шуда буд.

Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ ваъда карданд, ки додраси қазия парвандаро шарҳ медиҳад, аммо то лаҳзаи нашри гузориш ҳозир нашуданд ҷузъиётро дар миён бигузоранд.

Худи фарзандони ин чеҳраҳои маҳкумшуда аз шарҳи қазия ва тасмими додгоҳ ба расонаҳо канораҷӯйӣ мекунанд. Аммо рӯзи 13-уми май як манбаи наздик ба додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Комрон Комилзода, писари Аҳмадшоҳ Комилзода ба додгоҳ гуфтааст, хонае, ки бо қарори Додгоҳи олӣ мусодира шудааст, ҳавлии меросии модари марҳумаш аст. Комрон Комилзода гуфтааст, ки дар ин хона ӯ бо фарзандонаш ва ҳамсари падараш бо писараш дар он зиндагӣ мекунанд ва дигар ҷойе барои рафтан надоранд.

Ҷузъиёти дигари тасмими додгоҳ маълум нест, ки то кадом вақт бояд наздикони ин маҳкумшудаҳо хонаҳоро холӣ кунанд. Ҳамчунин маълум нест, ки додгоҳ чаро даъвои онҳоро, ки гуфтаанд сарпаноҳи дигаре барои зиндагӣ кардан надоранд, ба назар нагирифтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар доираи парвандаи пурсарусадои маъруф ба “табаддулоти давлатӣ” ва “хиёнат ба давлат” Аҳмадшоҳ Комилзодаро ба 19 ва Абдулфайз Атоиро ба 17 соли зиндон маҳкум ва дороиҳои онҳоро ба фоидаи давлат мусодира кард. Наздикони онҳо барои мусодира нашудани бархе аз дороиҳо аризаи муқобили даъво навишта буданд, аммо ҳоло маълум нест, ки то куҷо даъвои онҳо баррасӣ шудаву дар тасмимгирии ахири додгоҳ ба эътибор гирифта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG